Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳӣ: "Эрон аз барномаи ҳастаияш даст намекашад"


Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон.
Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон.

Эрон мегӯяд, бо вуҷуди таҳримҳо алайҳи ин кишвар, аз барномаи ҳастаияш даст нахоҳад кашид.

Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбе ба хабаргузории расмии Эрон - ИРНА гуфтааст, таҳримҳо алайҳи кишвараш шояд мушкилоти кӯчакро барои онҳо эҷод кунад, аммо Эрон ба роҳаш идома хоҳад дод.

Вазири умури хориҷии Эрон дар идома гуфтааст: «Мо душманони худро кам намегирем, бидуни дарназардошти ин ки онҳо то чӣ ҳад заиф ва забун ҳастанд.»

Оқои Солеҳӣ гуфтааст, ки мақомоти Эрон ба шумули раҳбари мазҳабӣ, раиси ҷумҳур, Сипоҳи посдорон ва нерӯҳои басиҷ ба таври комил ҷараёни авзоъро зери назар доранд. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Эрон, мардуми кишвараш низ омодагӣ доранд, то аз ҳар дастоварди Эрон дифоъ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки аз ин пеш Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфта буд, ки ҳамоиши шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар таърихи 13-14 апрел дар Истанбул сурат хоҳад гирифт. Вале сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Виктория Нуланд ба дунбол гуфт, ки то ҳоло наметавонад бигӯяд, ки Эрон ин таърихро барои музокирот пазируфтааст ё хайр.

Кишварҳои Олмон, Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин талош доранд то аз роҳи гуфтугӯ Эронро ба ҳамкорӣ барои бартараф кардани нигарониҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар хусуси барномаи ҳастаии ин кишвар тарғиб кунанд.

Охирин даври музокироти Эрон ва гурӯҳи 5+1 ва бо мизбонии Истанбул бидуни дастёбӣ ба натиҷае дар моҳи январи соли 2011 анҷом шуд.
XS
SM
MD
LG