Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи сармоягузорӣ ба фаъолиятҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон


Созмони байнулмилалии «Глобал Интегрити» (Global Integrity) гуфтааст, Тоҷикистон ҳарчанд қонуни муносибе дар замина дорад, аммо меъёрҳои сармоягузорӣ ба фаъолиятҳои сиёсиро иҷро намекунад. Ин меъёрҳо аз мадади молии давлат ба аҳзоби сиёсӣ, танзим ва тафтиши хайрияҳои хусусӣ ва корпоративӣ барои ин ҳизбҳо ва истифодаи маблағҳо дар маъракаҳои сиёсӣ иборат буда, мурооти онҳо шаффофиятро дар амалкарди аҳзоб нишон медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҳизби ҳоким ба истифодаи захираҳои маъмурӣ дар маъракаҳои интихоботӣ муттаҳам мешавад. Ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, узви порлумон Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ҳизби ӯ ҳеҷ кӯмаке аз буҷаи давлат дарёфт накардааст ва ин яке аз кӯтоҳиҳои ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар гузориши созмони байнулмилалии «Глобал Интегрити» танҳо як нуктаи марбут ба маълумот дар бораи сармоягузорӣ ба фаъолияти сиёсии аҳзоб ва номзадҳо дар Тоҷикистон баҳои нисбатан мусбат гирифтааст. Фаъолияти молиявии ҳизбҳои сиёсӣ мураттаб мавриди тафтиши мақомоти андоз ва додситониҳо қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG