Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Сурия даъвати Анонро напазируфтааст


Ҳукумати Сурия мегӯяд, нерӯҳои худро аз шаҳрҳо танҳо замоне ақиб мекашад, ки вазъ мӯътадил гардад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Сурия, Ҷиҳод Мақдисӣ гуфт, аллакай ин нерӯҳо дар шаҳри Ҳумс “дар ҳоли худдифоъ” ва “ҳимоят аз аҳолӣ” қарор доранд. Изҳороти намояндаи расмии Сурия дар ҳоле садо дод, ки фиристодаи вижаи Созмони Милал ва Лигаи Араб Кофӣ Анон ба оташбаси фаврӣ дар Сурия даъват кард. Вай гуфт, ҳукумат ҳамчун “тарафи қавӣ” бояд ин оташбасро якҷониба эълом дорад. Бино бар омори Созмони Милал дар як соли ошӯбҳои Сурия 9000 дар ин кившар кушта ва даҳҳо ҳазор нафар фирорӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG