Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо телевизиони “Евронюз”


Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Евронюз” раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишвараш бо ҳеҷ гуна камбуди демократия рӯбарӯ нест. Вай вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва матбуоти мустақилро дар Тоҷикистон қаноатбахш ва дар ҳоли рушд номид. Вай гуфт: “Ман шоҳид ҳастам, ки дар он замон, соли 1990 дар Тоҷикистон ҳамагӣ, дар соли аввали истиқлолият чаҳор газетаи хусусӣ, як телевизион буд, як агентии иттилоотии давлатӣ буд, ҳоло дар Тоҷикистон қариб 3 ҳазор созмонҳои ҷамъиятӣ ҳаст, ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ ҳаст, қариб 500 рӯзномаву маҷалла ҳаст, ки 60 фисади онҳо хусусӣ аст. Чилучор шабакаи телевизионӣ аст, ки аз ин танҳо чортоаш давлатиянд. Риояи ҳуқуқи инсон қадам ба қадам мо корҳои зиёде анҷом медиҳем. Албатта, мушкилоти зиёде дорем, ки ҳамаи он зина ба зина ҳалли худро меёбанд.” Дар посух ба ин пурсиш, ки равобити Тоҷикистон бо Русия чӣ гуна шакл мегирад ва оё Тоҷикистон зери таъсири сиёсии Русия аст, ҷаноби Раҳмон гуфт, зиёда аз 1 миллион шаҳрванди кишвараш дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳо равобити хуб дошта, аз сиёсати дарҳои боз ҳимоят мекунад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, дар ҳифзи марзи кишвараш бо Афғонистон аз замони хуруҷи русҳо аз ин марз пешрафти бузурге ба миён омадааст, аммо бо назардошти вазъ дар кишвари ҳамсоя ва ба масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтани қочоқои маводи мухаддир Тоҷикистон дар ҳифзи ин марз ба кӯмаки ҷомеаи байнулмилалӣ ниёз дорад. Мусоҳибаи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо расонаҳои хабарӣ кам иттифоқ меафтад ва ин аввалин гуфтугӯи ӯ бо чунин расона дар чанд соли охир буд.
XS
SM
MD
LG