Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи исмоилиён аз номнависи Кумитаи ҷамоатхонаҳо


Бинои "Маркази Исмоилия" дар шаҳри Душанбе
Бинои "Маркази Исмоилия" дар шаҳри Душанбе

Пайравони исмоилия мегӯянд, сабтиноми "Кумитаи ҷамоатхонаҳо" барои бунёди намозгоҳҳо мусоидат мекунад.

"Кумитаи ҷамоатхонаҳои шиаи исмоилии исломӣ" дар Кумитаи дини Тоҷикистон расман сабти ном шудааст. Ин ташкилот қаблан дар шаҳри Душанбе бо номи "Маркази Исмоилия" шинохта шуда буд.

Солеҳҷон Завқиев, сардори раёсати иттиҳодияҳои динӣ дар Кумитаи дини Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз баррасии асноди пешниҳодшуда аз тарафи ҳайати муассисон, ойинномаи ин ташкилоти мазҳабӣ тасдиқ ва ба фаъолияти он дар кишвар иҷозат дода шуд. Ин манбаъ афзуд, ҳамаи даҳ нафар аз аъзои муассисони ин ташкилоти мазҳабӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. "Муроҷиати онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамчун ташкилоти динӣ аз ҷониби Кумитаи дини Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашт ва ба феҳристи иттиҳодияҳои динӣ шомил карда шуд",-афзуд ӯ.

Пайравони мазҳаби исмоилия бо истиқбол аз сабтиноми “Кумитаи ҷамоатхонаҳои шиаи исмоилии исломӣ” мегӯянд, ин иқдом шояд ба бунёду сабтиноми ҷамоатхонаҳо мусоидат бикунад. Зеро ба қавли онҳо, ҳоло дар Бадахшон, ки маркази аслии исмоилияҳои Тоҷикистон аст, ягон ҷамоатхона бунёд ва сабтином нашудааст.

Сардорбек Азорабеков, халифаи ҷамоати деҳоти Тӯсиёни Бадахшон гуфт: "Ҳозир мо ғайр аз Маркази Исмоилияи Душанбе ягон бино надорем. Хишти аввали ҷамоатхонаи Хоруғро гузоштаанд, аммо сохтмонаш сар нашудааст. Феълан 86 халифае, ки дар Бадахшон ҳастанд ва ҷамоатҳои деҳотро роҳбарӣ мекунанд, расман сабтином нашудаанд. Ҳоло халифаҳо ва созмонҳои имомат бар асоси созишномаи Шоҳзода Карим Оғохони IV ва раисиҷумҳури Тоҷикистон кор мекунанд."

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода
Аммо муносибати пайравони мазоҳиби дигари Ислом дар Тоҷикистон ба ин иқдоми Кумитаи дин чандон сода набудааст. Бо ин ҳол, таҳлилгарони масоили мазҳабӣ мегӯянд, ҳамзамон бо дигар муасисаҳои мазҳабу динҳои мухталифи дар Тоҷикистон сабтином шудани муассисаи исмоилиҳо далели озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст.

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, "исмоилиҳо бародарони мо ҳастанд, онҳо ҳамватани мо ҳастанд. Онҳо натанҳо ҳақ доранд, балки ин масъулияти ҳукумат буд, ки бояд ин муассисаи мазҳабии онҳоро сабтином кунад. Маркази исмоилияҳои Душанбе нишон медиҳад, ки масҷид бояд ин гуна бошад, ҳам маркази фарҳанг, ҳам маркази таълимот ва ин шояд дар минбаъд намуна барои масҷидҳои мо шавад."

"Маркази Исмоилия" дар 25 ҳазор метри мураббаъ дар шаҳри Душанбе ва бо маблағгузории пешвои исмолиёни ҷаҳон, Шоҳзода Карим Оғохони IV, бино шудааст. Пойдевори ин биноро ҳанӯз дар соли 2003 Карим Оғохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд, вале сохтмони он то соли 2009 идома кард.

Дар расми ифтитоҳи он дар моҳи октябри соли 2009 дар Душанбе Шоҳзода Оғохони IV ҳам ширкат дошт. Вай он замон гуфта буд, марказе, ки онҳо бунёд кардаанд, танҳо маркази мазҳабии пайравони исмоилия нахоҳад буд. Ҳамчунин бо маблағи Оғохон дар Тоҷикистон чанд пули иртиботӣ ва меҳмонхонаи бузурги "Серена-Душанбе" низ бунёд ёфтааст.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон бештар аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби шиаи исмоилӣ ба сар мебаранд, ки умдатан сокинони вилояти Бадахшон мебошанд. Пайравони исмоилия дар Тоҷикистон аз кӯмакҳои Оғохони IV дар давраи ҷанги Тоҷикистон ҳамеша сипосгузорӣ мекунанд. Вале ин ҳам бояд гуфта шавад, ки Оғохон ҳамин гуна кӯмакҳоро дар он давра ва дар давраи баъдиҷангӣ ба мардуми бисёре аз дигар манотиқи Тоҷикистон низ расондааст, махсусан, ба мардум водии Рашт, Ванҷу Дарвоз ва Тавилдара.

Аз бойгонии "Озодӣ": Ифтитоҳи "Маркази Исмоилия"

Ифтитоҳи маркази исмоилия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00
XS
SM
MD
LG