Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомхон Ҷӯраев дар куҷост- Маскав ё Душанбе?


Низомхон Ҷӯраев, собиқ узви маҷлиси Суғд, ки баъд аз зӯҳри панҷшанбе аз боздоштгоҳе дар наздикии Маскав раҳо шуда буд, ғайб задааст.

Анна Ставитская, вакили дифоъи Ҷӯраев бо таъйиди ин нукта ба РО гуфт, ба тахмини ӯ, Ҷӯраевро дуздида, ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон интиқол додаанд: «Маро, ҳамчун вакили дифои ӯ огоҳ накарда буданд, ки дар қазияи ӯ чӣ мегузарад. Бе шоҳидии ман ба ӯ иттиҳоми нав баста, ба ӯ ҳукм додаанд. Ин маънои онро дорад, ки амалиёти қаблан хуб тарҳрезишуда буд.»

Низомхон Ҷӯраевро додгоҳи Русия 27-уми феврали соли равон бояд аз зиндон озод мекард, аммо бадоҳатан чанд лаҳза пеш аз раҳоӣ чаҳор мулкипӯш, ба шумули ду ниқобпӯш ба ҳуҷраи кори додситони ноҳияи Хамовникии Маскав зада даромада, дастуреро пешниҳод карданд, ки бино бар он Ҷӯраев бояд дар робита ба сӯиқасд ба Мирбодулло Каримов ном шахсе минҳайси шоҳид ба шӯъбаи тафтишотии шаҳри Шелковски вилояти Маскав интиқол ёбад. Хонум Ставитская мегӯяд, ҳангоми тафтишот маълум мешавад, ки Ҷӯраев ба ин нафар на сӯиқасд, балки таҳдид ба марг кардааст. Вай афзуд, аз ин хотир, нафари таҳти ҳимояти ӯ бидуни огаҳии вакили дифоъ озод ва нопадид мешавад.

Низомхон Ҷӯраевро мақомоти Тоҷикистон бо чор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла тақаллуби аснод, саркашӣ аз пардохти андоз, ба расмият даровардани маболиғи ғайриқонунӣ, тасарруфи амволи давлатӣ, ҳамчунин даст доштан дар куштори Толибҷон Бобоев, муовини Додситони кулли Тоҷикистон муҷрим медонанд.

Ӯ соли 2007 аз Тоҷикистон фирор кард ва соли 2010 дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон боздошт шуд. Додгоҳи шаҳри Маскав як дафъа ҳукми истирдоди ӯро ба Тоҷикистонро содир намуд, аммо Ҷӯраев аз Русия тақозои паноҳандагӣ кард ва ба ҳамин минвол, боздошти худ дар маҳбаси Маскавро тамдид намуд.

Абдусамеъ Додобоев, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Додситонии кулл
Абдусамеъ Додобоев, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Додситонии кулл
Дар ин миён, Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ва созмони Афви Байнулмилал аз мақомоти Русия хостанд, ки Ҷӯраевро истирдод накунад, зеро вай дар Тоҷикистон метавонад ҳадафи шиканҷа қарор гирад.

Наздикони Низомхон Ҷӯраев ҳам дар Тоҷикистон дар бораи сарнавишти ӯ иттилое надоранд. Як нафари онҳо, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, ҳамчунин хабарро шунидаанд, аммо дақиқ намедонанд, ки Ҷӯраев дар Тоҷикистон аст, ё ба ягон кишвари дигар фирор кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон, ки масъулияти истирдодҳо аз кишварҳои дигарро ба зимма дорад, интиқол ёфтани Низом Ҷӯраевро рад кард. Абдусамеъ Додобоев, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Додситонии кулл шубҳаи вакили дифои Низомхон Ҷӯраевро такзиб кард ва гуфт, Низомхон Ҷӯраев ба Душанбе интиқол дода нашудааст: «Бигзор вакили дифоъ истинод кунад ба ҳамон манбае, ки аз он ҷо иттилоъ гирифтааст. Манбаи иттилои ӯ куҷост: додситонӣ аст, додгоҳ, милиса ё амният? Чун ин манбаъ нест, пас маҳсули тахайюли худи ӯст.»

Бино ба маълумоти расмӣ, солона аз Русия ба Тоҷикистон даҳҳо нафар расман истирдод мешаванд, аммо шурӯъи соли равон Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз аз рабуда
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
шудани чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав изҳори нигаронӣ карда буд, ки сипас дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон пайдо шудаанд. Яке аз мавориди пурсарусадо рабуда шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон дар соли 2005 буд, ки баҳсаш то ба имрӯз идома дорад.

Хонум Ставитская мегӯяд, бо назардошти ин ки "истирдоди ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ"-и боздоштшудагон аз Русия ба Тоҷикистон "мӯд шудааст", ӯ мутмаин аст, ки Низомхон Ҷӯраев низ бо ҳамин шеваи маълум ба Душанбе мунтақил шудааст: «Аммо ман дар бораи ҳодиса Додгоҳи Аврупоро дар ҷараён гузоштам. Додгоҳи Аврупо фавран ба вазъият дахолат кард ва ҳукумати Русияро муваззаф кардааст, ки то 2 апрел қазияро шарҳ диҳад. Агар Ҷӯраев воқеан рабуда шуда бошад, як моҷарои бузурге дар пеш хоҳад буд.»

Хонум Ставитская афзуд, ба хотири ҷилавгирӣ аз ин моҷарои бузурги байнулмилалӣ, бояд мақомоти Русияву Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраевро ба Маскав баргардонанд.
XS
SM
MD
LG