Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Аврупо: "Истирдоди Ҷӯраев манъ аст."


Бинои Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Старсбург
Бинои Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Старсбург

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар истирдоди Низомхон Ҷӯраев, раҳбари собиқи корхонаи кимиёи Исфараро аз Маскав ба Душанбе манъ кардааст.

Анна Ставитская, вакили мудофеи Низомхон Ҷӯраев, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 хешу ҳамкор ва коршарики Низомхон Ҷӯраев, аз ҷумла бародаронаш Толиб ва Фахриддин Ҷӯраевҳоро ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард...


Вай гуфт, “додгоҳ ин хулосаи худро дар робита ба муроҷиати мо, бар асоси талаботи банди 39-и муқаррароти Додгоҳи аврупоӣ қабул кардааст.”

Ба қавли хонум Ставитская, банди 39-и муқаррароти Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар истирдоди афроди боздоштшуда ва гумонбаршудаҳоеро, ки имкони бештари шиканҷа дар кишварҳояшон вуҷуд дорад, манъ мекунад ва кишваре, ки дар он ҷо боздоштшуда ба сар мебарад, бояд ин талаботро риоя кунад.

Анна Ставитская
Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми истирдоди Низомхон Ҷӯраев ба Душанберо содир кард.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон низ изҳори хушбинӣ карда буданд, ки истирдоди ҷаноби Ҷӯраев ба зудӣ анҷом хоҳад гирифт.

Низомхон Ҷӯраев, собиқ раҳбари корхонаи кимиёи Исфара ва узви пешини Маҷлиси вакилони вилояти Суғд, дар охири тобистони соли 2010 аз тарафи кормандони милисаи ноҳияи Хамовникии шаҳри Маскав боздошт шуда, то кунун дар он ҷо нигаҳдорӣ мешавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим


Ин боздошт бо дархости Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти пулиси Русия сурат гирифта буд.

Мақомот Ҷӯраевро бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла тақаллуби аснод, мӯҳр, бланк ва мукофоти давлатӣ, саркашӣ аз пардохти андоз, ба расмият даровардани маболиғи ғайриқонунӣ, тасарруфи амволи давлатӣ ва ғайра муттаҳам медонанд.

Низомхон Ҷӯраев соли 2007 аз Тоҷикистон фирор карда, дар пайгарди байнулмилалӣ қарор дошт. Соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 хешу ҳамкор ва коршарики Низомхон Ҷӯраев, аз ҷумла бародаронаш Толиб ва Фахриддин Ҷӯраевҳоро ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард.

Азбаски ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Исфара буданд, расонаҳо ин парвандаро "Парвандаи исфарагиҳо" унвон доданд. Бино бар иттилои додгоҳ, ин гурӯҳ ба давлат ҷамъан 11 миллион доллар зарари молӣ расонидааст.

Аммо собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ҳукми додгоҳро "ғайриқонунӣ ва беадолатона" унвон карда, хостори бозбинии он шуда буд.

Қабл аз ин хулосаи Додгоҳи аврупоии ҳуққуи башр, Созмони Авфи Байналмилал аз эҳтимоли истирдоди Низомхон Ҷӯраев аз Маскав ба Душанбе нигаронӣ карда буд.

Ин созмон дар як баёнияе гуфта буд, ки дар сурати истирдоди Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва раҳбари пешини корхонаи кимиёи Исфара ба Тоҷикистон, ӯ мавриди шиканҷа ва бархӯрди номуносиби мақомот қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG