Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Фаронса, аз боздошти дастикам 19 нафари гумонбар дар робита ба гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ хабар дод.

Зимни суханронӣ аз тариқи радиои Фаронса, Николя Саркозӣ гуфт, ки дар ҷараёни амалиёт аз боздоштшудагон силоҳ, аз ҷумла, автомати АК-47 мусодира шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳои моҳи март дар Монтоман ва Тулуза “бадани кишварро захмӣ карданд”.

Николя Саркозӣ афзуд, ки “қарзи мо – кафолати амнияти мардуми Фаронса аст. Мо интихоби дигар надорем ва ин комилан ногузир аст. Қарзи аввали сарвари давлат – дифоъ аз мардуми Фаонса аст.”

Ба иттилои расмӣ, амалиёти вижа алайҳи гумонбарони узвият дар гурӯҳҳои ифротгароиро кормандони хадамоти кашфи дохилӣ бо пуштибонии нерӯҳои зудамали полис RAID дар шаҳрҳои Тулуза ва Нант доир карданд. Маҳз дар шаҳри Тулуза рӯзи 22 март дар амалиёти полис Муҳаммад Мераҳ, гумонбари куштори се низомии фаронсавӣ ва як раббиву се толибилми яҳудӣ, ба ҳалокат расид.

Рӯзи панҷшанбе ҷасади Муҳаммад Мераҳ дар канори шаҳри Тулуза ба хок супурда шуд. Айни ҳол кормандони полис бародари Муҳаммад – Абдулқодир Мераҳро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят дастгир кардаанд ва ҷустуҷӯи дигар шарикони эҳтимолӣ дар ҳамлаҳои Мераҳ идома дорад.

Николя Саркозӣ афзуд, ки нерӯҳои амниятӣ чанд амалиёти нав алайҳи гурӯҳҳои эҳтимолии ифротгароро доир хоҳанд кард. Сарвари Фаронса барои дубора ишғол намудани курсии президентӣ вориди сабқати интихоботие шудааст, ки қарор аст раъйдиҳӣ дар он рӯзи 22 апрел сурат бигирад.

Мақомоти Фаронса ҳамчунин тайид карданд, ки бархе аз афроди боздоштшуда бо тафтиши парвандаи Муҳаммад Мераҳ рабте надоранд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG