Амири Кувайт бори аввал дар 20 соли ахир барои ширкат дар мулоқоти сарони кишварҳои Ҷомеаи Араб вориди пойтахти Ироқ шуд. Дар нишасти Бағдод ба ҷуз шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Сабоҳ, ҳамчунин раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир, ки барои ҷиноёт низомӣ мавриди таъқиби Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ қарор дорад ва Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, низ ширкат мекунанд.
Бағдод бори аввал дар бист соли ахир мизбони чунин нишаст дар сатҳи олиро бар дӯш дорад. Қарор аст, ки аҳли нишаст хостори оштии ҷонибҳои даргир дар Сурия шаванд ва аммо, тавре қаблан интизор мерафт, онҳо истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро талаб нахоҳанд кард.
Сурия, ки узвияташ дар Ҷомеъаи кишварҳои араб мутаваққиф шудааст, аллакай эълом дошт, ки ҳама гуна ибтикори ин нишастро рад хоҳад кард.
Нишасти Бағдод дар ҳоле мегузарад, ки ин ҳафта нерӯҳои ҳукуматии Сурия ҳамла ба шаҳрҳои такягоҳи мухолифинро идома доданд, ҳарчанд аз ин пеш Димишқ барои пазируфтани тарҳи пешниҳодкардаи Кофӣ Аннан, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб, изҳори омодагӣ карда буд. Ин тарҳ оташбас, шурӯи музокироти сиёсии ҳукумату мухолифин ва иҷозаи вуруди ёриҳои созмонҳои башарӣ ба Сурияро дарбар мегирад.
Хабарнигори Радиои Ироқи Озод гузориш медиҳад, ки "мулоқот дар Кохи ҷумҳурият дар минтақаи Сабз мегузарад, ки минтақаи ҳифзшаванда аст ва то ҳол ягон ҳодисаи машкук рӯй надодааст»..
Як ҳафта пеш шабакаи «Ал-Қоида» дар Ироқ, аз ҷумла, дар рӯ ба рӯи вазорати умури хориҷӣ, чанд ҳамла анҷом дод, ки дар онҳо 50 нафар ба ҳалокат расиданд.