Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози қотил дар ҳолати афсурдагӣ будааст


Роберт Бейлз бо кулоҳ
Роберт Бейлз бо кулоҳ
Ҳенри Бравн-вакили мудофеи сарбози амрикоӣ, ки дар вилояти Қандаҳори Афғонистон 17 нафарро тирборон кард мегӯяд, ки ин сарбоз ҳангоми хидмат дар Ироқ дар як ҳодиса осеби ҷисмонӣ бардоштааст ва дар вақти куштори ин афрод дар Қандаҳор марҳилаи афсурдагиро аз сар мегузаронидааст. Сержант Роберт Бейлз бо 17 модда барои куштори барқасдонаи 11 март муттаҳам шудааст. Вай ҳоло дар яке аз зиндонҳои аёлати Канзаси Амрико нигаҳдорӣ мешавад. Ҳенри Бравн -вакили мудофеъ дар тавзеҳоти худ роҷеъ ба осеби ҷисмонии Роберт Бейлз чизе нагуфтааст. Бейлз эътироф кардааст, ки ин кушторро анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG