Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW мегӯяд, додгустарии Афғонистон ҳуқуқи занҳоро беҳтар накард


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch дар гузориши тозанашри худ мегӯяд, ки низоми додгустарии Афғонистон алорағми тааҳҳуди Ҳомиди Карзай барои беҳтар кардани шароити дастёбии занон ба ҳуқуқи худ, дар ин масъала ба пешравии андаке даст ёфтааст. Ин созмон мегӯяд, дар Афғонистон ҳамоно занҳоро барои ба истилоҳ ҷиноятҳои ахлоқӣ зиндонӣ мекунанд. Ин созмони воқеъ дар Ню-Йорк мегӯяд, ки даҳ сол баъди суқути ҳукумати Толибон занҳоро барои фирор аз хушунати хонаводаӣ ё доштани равобити ҷинсӣ бо мардони бегона ба зиндон меандозанд. Ҳоло дар маҳбасҳои Афғонистон ҳудудан 400 зани афғон барои содир кардани ҷиноятҳои ахлоқӣ ба сар мебаранд. Гузориши мазкур бар пояи мусоҳиба бо 58 зан, ки ғолибан барои равобити номашрӯи ҷинсӣ зиндонӣ шудаанд, ва ҳамчунин бо додситонҳову додгустарҳо ва фаъолони ҳуқуқи башар таҳия шудааст.
XS
SM
MD
LG