Нерӯҳои ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон мегӯянд, як сарбози онҳоро, як маъмури пулиси афғон куштааст. Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон, ҳуввияти ин сарбозро ошкор накардаанд. Рӯзи душанбе ҳамчунин як сарбози афғон ду сарбози бритониёиро дар вилояти Ҳилманд кушт. Сабаби тирандозӣ ба сӯи сарбозони хориҷӣ маълум нест, аммо зоҳиран идомаи ҳамлаҳои маъмурони амнияти афғон ба ҳамтоёни хориҷии худ аст. Чунин ҳамлаҳо бахусус баъди сӯхтани нусхаҳои Қуръон дар як пойгоҳи амрикоӣ ва қатли 17 ғайринизомии афғон тавассути як сарбози амрикоӣ, зиёд шудаанд.