Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама: "Теҳрон фурсати кӯтоҳе дорад"


Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида

Раисиҷумҳури ИМА гуфт, барои ҳалли дипломатии бӯҳрони атомии Эрон фурсат ҳаст, аммо фурсати хеле кам.

Барак Обама бори дигар бо таъкид бар фурсати кӯтоҳи Эрон барои ҳалли масъалаи бӯҳрони ҳастаияш, аз Теҳрон хост, то дар ин хусус бо суръат амал кунад. Бино ба гузориши хабаргузории Фаронса, Барак Обама дар нахустин рӯзи ҳамоиши амнияти ҳастаӣ дар Суел, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ, гуфт, фурсат барои ҳалли дипломатии ин масъала боқист, аммо ин фурсат хеле кӯтоҳ аст.

Ӯ ҳарчанд ҳаққи Эрон барои тавсеаи барномаи сулҳомези ҳастаияшро ба расмият шинохт, аммо афзуд, "Теҳрон борҳо роҳи инкор ва фиребро дар пеш гирифтааст."

Барак Обама рӯзи якшанбе низ дар Суел гуфта буд, ки "мӯътақидам даричае барои ҳалли дипломатии масъалаи ҳастаии Эрон вуҷуд дорад, вале бо гузашти замон ин дарича дар ҳоли баста шудан аст."

Раисиҷумҳури Амрико ба ҳамроҳи раҳбарони 52 кишвари дигар дар нишасти байналмилалии амнияти ҳастаӣ дар Суел ҳузур ёфтааст. Вай ҳамчунин аз раҳбарони Куриёи Шимолӣ хост, ҷуръат нишон бидиҳанд ва роҳи сулҳро пеш бигиранд ва гуфт, иғвову таҳрик онҳоро ба ҷое намерасонад.

Раисиҷумҳури Амрико афзуд, саъй хоҳад кард, барои боз ҳам коҳиш додани теъдоди кулоҳакҳои ҳастаии ду кишвар бо Русия музокироти нав сурат бигирад. Ӯ дар идомаи суханрониаш гуфт, Амрико беш аз ниёзаш силоҳҳои атомӣ дорад ва бо коҳиш додани ин силоҳҳо таъмини амният имконпазир аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG