Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 нафар дар таркише дар Қандаҳор


Як мақоми расмии Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт, бар асари таркиши бомбе, ки аз дур идора мешуд, 7 пулиси афғон, як сарбози хориҷӣ ва тарҷумони онҳо кушта шудаанд. Шоҳ Муҳаммад Аҳмадӣ, раиси ноҳияи Арғундоб дар вилояти Қандаҳор гуфт, мошини гаштзании нерӯҳои пулиси маҳаллӣ ва Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон рӯзи шанбе ба бомб бархӯрдааст. Толибон масъулияти ин бомбгузории маргборро бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG