Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашқободу Кобул -- мизбонҳои баъдии Наврӯзи ҷаҳонӣ


Қарор шуд, Наврӯзи байналмилалии соли 2013 дар шаҳри Ашқобод, маркази Туркманистон, баргузор шавад.

Ҳамоиши байналмилалии Наврӯз - 2012 дар "Кохи Сомон" бо ширкати сарони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва мақомҳои баландпояи як қатор кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо қабули "Баёнияи Душанбе" ба поён расид.

Намояндаи Туркманистон дар ин ҳамоиш аз номи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишвар гуфт, омодаанд, мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз дар соли оянда бишаванд. Ҳамин тариқ, соли оянда Туркманистон ва дар соли 2014-ум Афғонистон ҷашни Наврӯзи байналмилалиро мизбонӣ хоҳанд кард.

Дар оғози ин ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иди Наврӯзро барои кулли мардуми дунё табрик гуфт. Ҷаноби Раҳмон Наврӯзро ниёзе барои ҷаҳон арзёбӣ кард ва гуфт, "эътирофи Наврӯз аз сӯи Созмони Милал ҳаргиз иқдоми тасодуфӣ нест." Ба таъкиди ӯ, ҷашни ҷаҳонии Наврӯз на танҳо дар рушди тамаддуни башарӣ саҳмгузор аст, балки ҷаҳон бештар аз ҳар вақти дигар ба арзишҳои ахлоқии Наврӯз ниёз дорад.

Ин аст, ки ба таъкиди президенти Тоҷикистон доираи Наврӯз рӯз то рӯз васеъ мешавад. Яъне, на танҳо кишварҳои таҷлилкунанди ин ҷашн, балки дигарон низ аз он истиқбол ва ид мекунанд.

Ба гуфтаи Раҳмон, миллати тоҷик дар фосилаи ҳазорсолаҳо ҷашни Наврӯзро дар баробари забони модарии худ ҳифз карданд. Зеро ба таъкиди президенти Тоҷикистон фарҳанги наврӯзӣ хислату ҷавҳари инсонсоз дорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба бузургӣ ва вижагии ойину суннати Наврӯз бар ҳифзу ҳимояти хусусиятҳои наврӯз таъкид кард. Дар поёни сухани худ, президент Раҳмон, ҳама мардуми ҳавзаи Наврӯз ва ҷаҳониёнро бо ҷашни бошукӯҳи Наврӯзро табрик намуд.

Карзай: "Наврӯз решаҳои қавии таърихӣ дорад"

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон аз Наврӯз ба унвони ҷашни шукуфоии инсон ном бурд ва гуфт, "ин ид ба унвони ҷашни миллӣ ва бостонӣ решаҳои қавии таърихӣ дорад."

Вай Балхро макони аслии Наврӯз унвон кард ва гуфт, ҷашни "Гули Сурх" дар ин вилояти Афғонистон, ки мардуми тамоми манотиқи кишварро гирди ҳам меорад, омили таҳкими сулҳу ваҳдати инсон аст. Ба таъкиди ҷаноби Карзай, Наврӯз воқеан ҷашни ҷаҳонист ва осори ҳазорсола дар бораи Наврӯз далели ин аст.

Зи кӯйи ёр меояд...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00
Линки мустақим


Чун ба таъкиди вай дар тӯли ҳазорсола таълифоте дар бораи иди Наврӯз тавассути шоирону нависандагон ва муаррихон эҷод шудааст, ки аз ҷашни башарӣ будани Наврӯз дарак медиҳад. Ба таъкиди раисиҷумҳури Афғонистон, имрӯз бояд Наврӯз бо тамоми суннату ойинаш ҳифз ва барои пасояндагон ба мерос гузошта шавад.

Аҳмадинажод: "Паёми Наврӯз паёми сулҳи ҷаҳонист"

Маҳмуди Аҳмадинажод, севумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Душанберо фурсати хубе барои густариши иртиботи фарҳангӣ, тақвияти дӯстӣ ва таҳкими сулҳу суботи минтақаӣ арзёбӣ кард ва гуфт, "аз ин фурсат бояд гомҳои муассире бардошта шавад."

Ба таъкиди Аҳмадинажод, "Наврӯз аз мо даъват мекунад, то дар муқобили мутаҷовизон, ки ҳуқуқи башарро гирифтаанд, истодагарӣ кунем ва ҳама инсонҳо ҳақ доранд, то таровати Наврӯзро дар зиндагии худ эҳсос кунанд."

Аҳмадинажод, Наврӯзро рӯзи наве хонд, ки дар он зургӯӣ, табъиз, фақр ва таҷовуз вуҷуд нахоҳад дошт. Ба таъкиди вай Наврӯз ҷилои покиву ишқу муҳаббат аст, ки миллатҳо дар ҳама ҷо, ҳам дар қораи Осиё, ҳам дар Африқо ва Аврупо ба он тавъам хорҳанд шуд. Вай Наврӯзро ваъдаи Худовандӣ унвон кард ва гуфт, "он рӯз дер нахоҳад буд, ки Наврӯзи Худовандӣ тавассути ҷаҳониён итоату парастиш шавад."

Ӯ ҳамчунин ҳамаи миллатҳоро мутааллиқ ба ҳавзаи Наврӯз донист ва гуфт, дар ин рӯз ҳама канори ҳам хоҳанд омад. Дар поёни суханронии худ, Маҳмуди Аҳмадинажод, паёми солонаи Наврӯзро паёми ҳамбастагии миллат ва паёми ишқу сулҳи ҷаҳонӣ номид.

Соле пеш ҷашнии расмии Наврӯзи байналмилалӣ дар Теҳрон, маркази Эрон таҷлил шуд ва имсол мизбони баргузории иди ҷаҳонии Наврӯз Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG