Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод, Карзай ва Зардорӣ дар Душанбе


Маҳмуди Аҳмадинажод, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Ҳомид Карзай, раисони ҷумҳури Эрон, Покистон ва Афғонистон дар Душанбе ба сар мебаранд.

Раисони ҷумҳури Эрон, Покистон ва Афғонистон пас аз зуҳри рӯзи шанбеи 24-уми март яке пайи ҳам вориди фурудгоҳи Душанбе шуда ва аз сӯи нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов мавриди истиқбол қарор гирифтанд.

Аҳмадинажод, Зардорӣ ва Карзай бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки қарор аст дар барномаҳои таҷлили «Ҷашни Наврӯзи Байналмилалӣ - 2012 ва «Ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон» дар шаҳри Душанбе ширкат намоянд.

Ин нишастҳо аз фардо якшанбеи 25-уми март оғоз ёфта ва то рӯзи сешанбеи 27-уми март идома хоҳанд кард.

Аммо пас аз вуруд ба Душанбе, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқоти рӯ ба рӯе бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Кохи "Миллат" доштанд. Дар меҳвари ин музокирот густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф байни кишварҳо қарор доштааст.

Интизор меравад, фардо якшанбе пас аз баргузории маҳфилҳои марбут ба таҷлили «Ҷашни байналмилалии Наврӯз 2012» музокироти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва ҳамчунин нишасти чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баргузор шавад, ки барраси ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳо ва иҷрои тарҳҳои муштараки минтақаӣ дар назар аст.

Аҳмадинажод дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG