Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши "Истиқлол"-у "Регар-ТадАЗ" барои Ҷоми олӣ


Бозӣ барои Суперкубок ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони кишвар дар соли 2011-ум ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон, рӯзи 4-уми апрел соати 14 дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федеросиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ), ин тасмим дар ҷаласаи ФФТ, ки 20-уми март барпо гардид, гирифта шуд.

Мусобиқа барои Ҷоми олии Тоҷикистон барои бори севум сурат мегирад. Соли 2010-ум дастаи “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, нахустин барандаи Ҷоми олӣ шуда буд.

Порсол низ “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард ва барои бори дувум соҳиби ин мукофоти олӣ гардид. Дар ҳарду бозӣ нимҳимоятгар Дилшод Восиев голҳои ҳалкунандаро ба самар расонд.

Ҷоми олӣ аз як бозӣ иборат аст. Агар замони асосӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёбад, замони изофӣ – 2 қисми 15 – дақиқагӣ таъин мешавад. Агар замони изофӣ ҳам ғолибро муайян насозад, он гоҳ дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян хоҳад шуд.

Инчунин дар ҷаласаи ФФТ, ки бо ширкати намояндагони ҳамаи бошгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар доир шуд, қуръакашии тақвими мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2012 барпо гашт.

Мусобиқаи лигаи олӣ дар ду давра сурат мегирад ва тирамоҳ ба анҷом мерасад. Бозиҳои даври аввали мусобиқа рӯзҳои 7-8-уми апрел баргузор мешаванд. Як рӯз қабл аз бозии ҳайати асосӣ дублёрҳо ё бозигарони ҷавон рақобат мекунанд.

Дар мавсими нави футбол 14 даста барои ширкат дар мусобиқаи Лигаи олӣ изҳори хоҳиш кардаанд. Ба ғайр аз 11 дастае, ки соли гузашта дар мусобиқа ширкат дошт, се тими нав - "Истаравшан" (Истаравшан), "Ҳосилот" (Фархор) ва "Зарафшон" (Панҷакент) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Тақвими бозиҳои сабқати Лигаи олӣ аз рӯи ҷадвали Бергер, шатранҷбоз ва олими маъруфи австриягӣ, тартиб дода мешавад.

Тақвими бозиҳои мусобиқаи Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баъди тасдиқи он аз ҷониби ФФТ, рӯзҳои наздик нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG