Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро “Истиқлол” бо “Равшан” дар Душанбе вохӯрд?


Лаҳзае аз бозии миёни дастаҳои "Истиқлол"-у "Равшан"
Лаҳзае аз бозии миёни дастаҳои "Истиқлол"-у "Равшан"

Мавсими имсолаи футбол дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

Вале ду бозии охирини мусобиқот миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб байни мухлисони футбол, бахусус, хонандагони торнамои интернетии радиои “Озодӣ”, сару садоҳо ба вуҷуд овардааст.

Бар асоси тақвими бозиҳо мебоист як бозии мавқуфгузошта дар шаҳри Кӯлоб ва бозии дигар дар шаҳри Душанбе баргузор мешуд. Вале макони баргузории ҳарду бозӣ Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар интихоб шуд, чаро?

Барои посух гирифтан ба ин суоли мухлисони футбол мо нахуст ба Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муроҷиат кардем.

Ӯ гуфт, “ба сабаби ширкати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014, баъзе бозиҳои чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ мавқуф гузошта шуд. Аз он ҷумла ду бозии даврҳои 40-ум ва 29-уми мусобиқот байни тимҳои “Равшан” ва “Истиқлол”. Бозии аввал мебоист дар шаҳри Кӯлоб ва бозии дигар дар Душанбе баргузор мешуд. Ба иллати номусоидии ҳаво роҳбарони ҳарду даста ба Федератсия муроҷиат карданд, ки ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шавад. Роҳбарияти федератсия хоҳиши дастаҳоро ба назар гирифта, барои баргузории ин ду бозии охирини чемпионат дар Варзишгоҳи марказӣ иҷозат дод. Бозии аввал рӯзи 22-юми декабр доир шуд ва бо пирӯзии “Истиқлол” хотима ёфт. Вале дастаи “Равшан” ба бозии дуюм, ки мебоист 24-уми декабр барпо мегашт, ҳозир нашуд. Бар асоси регламент ё дастури мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон тими “Равшан” бо ҳисоби 0:3 мағлуб ва дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 3:0 ғолиб ҳисобида шуд.“

Поёни мавсими футбол - 2011 дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00
Линки мустақим


Ҳамсӯҳбати дигари мо Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, мегӯяд, “мо, мураббиёну роҳбарони ҳарду даста пешакӣ маслиҳат кардем, ки ин ду бозӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Мо дар бозии аввал иштирок доштем, вале аз сабаби дар роҳ вайрон шудани мошин (Газел) мо ба бозии дуюм рафта натавонистем ва дар ин бора ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додем. Мо автобуси худро медоштем, сари вақт ба ин бозӣ ҳозир мешудем. Бовар дорем, ки агар Ҷаноби Олӣ, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамон автобуси ба мо ваъда кардаашонро медоданд, мушкили мо осон мешуд.”

Олимҷон Рафиқов
Олимҷон Рафиқов
Олимҷон Рафиқов, сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанбе, дар бораи ду бозии охирини дастааш бо “Равшан” чунин иброз дошт: “Дастаи “Равшан” барои баргузории бозӣ масъалаи ҳалталаб дошт, ки ин ба вазъи майдон бастагӣ дорад. Майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бошад, дар ҳамин ҳол ягона майдонест, ки нисбатан ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Дар ин майдон бозӣ, аслан, рӯи барф баргузор шуд, ки ба футболбозон мушкилот эҷод кард. Вале “Равшан” ба бозии дуюм ҳозир нашуд. Тими “Равшан”, ки бозии аввалро ба “Истиқлол” бохт, имкони ба даст овардани медалҳои нуқраро аз даст дод. Бинобар ин бозии оянда барои онҳо маънӣ надошт.”

Ҳамин тариқ, сарфи назар аз натоиҷи ду бозии охирини мусобиқот дастаи “Истиқлол”-и Душанбе соҳиби медалҳои тилло, тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барандаи медалҳои нуқра ва дастаи “Равшан”-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG