Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои пулис аз Чеченистон ба Доғистон мекӯчанд?


Рамазон Қодиров (Акс аз бойгонӣ)
Раҳбари Чеченистони Русия Рамазон Қодиров аз ин ҷумҳурӣ ба Доғистони ҳамсоя кӯчондани 25 000 нирӯи вазорати дохиларо радд кард. Мақомоти Доғистон низ ин хабари матбуоти русиро нодуруст номидаанд. Вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев дирӯз эълон кард, ки бархе нирӯҳои пулис аз Чеченистон ба Доғистон кӯчонда хоҳанд шуд. Оқои Нургалиев бидуни овардани ҷузъиёт гуфт, сабаби ин иқдом “вазъи ҷиноӣ дар бархе манотиқи Доғистон аст.” Доғистон ва манотиқи дигари Қафқози шимолӣ дар солҳои охир ба як ҷабҳаи хушунатҳо байни нирӯҳои амниятӣ ва чирикиҳои исломӣ табдил ёфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG