Дар Ироқ рӯзи душанбе даҳҳо ҳазор нафар бо талаби шароити зиндагии беҳтар раҳпаймоӣ карданд. Раҳпаймоӣ дар шаҳри Басра дар рӯзи 9-умин солгарди оғози ҷанги ба раҳбарии Амрико дар Ироқ сурат гирифт, ки ин амалиёт ба ҳукумати тӯлонии Саддом Ҳусайн дар Ироқ хотима дод. Тазоҳургарон, ки пайравони Муқтадо Садр, рӯҳонии шиъамазҳаби зиддиамрикоӣ будаанд, аз ҷумла дар бораи бекории зиёд, фасод, вазъи бади зербунёдҳову, рукуди иқтисодӣ садо дар Ироқ баланд карданд.