Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами дигари Ромнӣ ба сӯи рақобат бо Обама


Бо пирӯзӣ дар Пуэрто Рико рӯзи якшанбе Мит Ромнӣ барои дастёфт ба номзадии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як қадами дигар гузошт. Бино бар хабарҳо вай наздик ба 50 дарсад раъй гирифт ва рақибаш Рик Санторумро шикаст дод. Ғалаба дар ҷазираи Пуэрто Рико дар ҳоле иттифоқ афтод, ки рӯзи сешанбе интихоботи асосии номзадҳои ҷумҳурихоҳ дар Иллинойс баргузор мешавад. Бино бар назарсанҷиҳо Ромнӣ ва Санторум дар ин ҷо аз ҳимояти тақрибан баробар бархӯрдоранд.
XS
SM
MD
LG