Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе стратегияи муҳоҷиратро баррасӣ карданд


17 март дар шаҳри Душанбе стратегияи ҳамгероии иҷтимоии муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ва муқими Маскав баррасӣ шуд. Ин мулоқотро, ки дар он намояндагони созмонҳои байналмиллаии ҳифзи ҳуқуқи башар ширкат доштанд, намояндагии институти “Ҷамъияти боз” дар Тоҷикистон созмон дод. Виктор Себелев-намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон гуфт, ҳамгероии муҳоҷирони тоҷик дар Русия бояд аз Тоҷикистон шурӯъ шавад ва онҳо қабл аз сафар дар бораи кишвари мизбон бояд маълумоти зарурӣ дошта бошанд. Вай таъкид кард, ки ҳар муҳоҷири корӣ бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд.
XS
SM
MD
LG