Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Озодӣ: Аз таҳдид наметарсам!


Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ.
Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ.

Хадиҷа Исмоилова мегӯяд, ӯ ба фишорҳо тан нахоҳад дод ва бозёфтҳои навашро мунташир хоҳад кард.

Хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоилова мегӯяд, сарфи назар аз таҳдидҳо ӯ таҳқиқи фасод ва муомилоти молии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва аҳли хонаводаи ӯро идома дода, натиҷаи ин пажӯҳишҳоро нашр мекунад: “Агар онҳо фикр мекунанд, ки бо ин амал даҳони маро мебанданд, онҳо хато кардаанд. Ман таҳқиқотамро давом дода, бо анҷоми он натиҷаашро нашр хоҳам кард. Агар онҳо фикр мекунанд, ки ман бадном мешавам, онҳо хато кардаанд, зеро ҳамаи дӯстонам аз ман пуштибонӣ мекунанд. Ҳатто симоҳои мазҳабӣ аз ман дастгирӣ кардаанд.”

Стив Корн
Стив Корн
Рӯзи чаҳоршанбе президенти Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Стивен Корн иброз дошт, ки ӯ аз Исмоилова пуштибонӣ мекунад. Ба қавли Корн, ки ҳафтаи равон аз Боку зиёрат кардааст, Исмоилова ба мардуми Озарбойҷон маълумотеро мерасонад, ки онҳо дар матбуоти маҳаллӣ наметавонанд пайдо кунанд. Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ гуфтааст, он афроде, ки дар орзуи бадном кардани Хадиҷа ҳастанд, бояд шарм кунанд.

Рӯзи душанбе рӯзномаи “Эни Озарбойҷон”-и ҳизби ҳокими Озарбойҷон як мақолаи саршор аз таҳқиру таҳдид дар бораи Исмоилова ва Бахши озарии Радиои Озодӣ ба табъ расондааст. Исмоилова иброз доштааст, ки рӯзномаро бо иттиҳоми кӯшиши бадном кардани ӯ ва аҳли оилааш ба додгоҳ хоҳад кашид. Ҳафтаи гузашта Исмоилова пораҳои ин навори видеоро дастрас намуда буд. Aфроди номаълум онро дар интернет пахш намуда, исрор варзидаанд, ки дар он равобити ҷинсии Исмоилова сабт шудааст. Онҳо ба Хадиҷа таҳдид карданд, ки агар хомӯш нанишинад, ӯро беобрӯ хоҳанд кард.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон дар дохилу хориҷ ва аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз журналистон ва Хонаи Озодӣ, ки дар Амрико қароргоҳ доранд, аз Исмоилова пуштибонӣ кардаанд. Лайло Юнус, ки раҳбарии Пажӯҳишгоҳи Сулҳу Демократияи Бокуро бар дӯш дорад, мегӯяд, ин як бахше аз барнома бастани даҳони тамоми ҷомеа мебошад: “Ягона ҳадафи ин гурӯҳи мафиёӣ, ки кишварро зери тасарруф даровардааст, ҷо намудани хавф дар дили ҳар як фарди он аст. Онҳо мехоҳанд, мардум аз ҳабс, аз одамрабоӣ, аз таҷовуз ба номус -- чӣ мард ва чӣ зан хавф дошта бошанд. Онҳо мехоҳанд, нишон диҳанд, ки ҳар кореро бо ҳар кас карда метавонанд.”

Вазорати корҳои дохилии Озарбойҷон мегӯяд, бар пояи аризаи Исмоилова тафтиш оғоз ёфтааст ва тибқи қонун ӯ дар давоми даҳ рӯз аз ин амал огаҳ хоҳад шуд. Рашид Хачилӣ раиси Пажӯҳишгоҳи Ҳуқуқи васоити ахбори умум воқеъ дар Боку бо ишора ба пахши навори видео дар интернет мегӯяд, дар ҳоле ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ тафтиши ҳодисаро шурӯъ кардаанд, дар пеши чашми онҳо ҷинояти нав содир шуд.

Озарбойҷон яке аз кишварҳои серхатар барои рӯзноманигорон ёд мешавад. Дар шохиси фасод созмони Транспаренси Инетернешенел Озайрбойҷонро дар ҷои 143-ум аз миёни 183 кишвар ҷойгир намудааст. Чандин хабарнигору блогнависи озарӣ феълан дар зиндон ҳастанду чандин хабарнигори дигар мавриди таъқиби худсаронаву бидуни ҷавобгарӣ қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG