Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз ширкат дар тарҳи лӯлаи газ даст кашид


Бонки саноативу тиҷории Чин аз сармоягузории тарҳи эҳдоси лӯлаи газ аз Эрон то Покистон даст кашидааст. Сухангӯи вазорати молияи Покистон Навид Иқбол гуфт, ин бонк ҷиҳати таъмини молии бахши покистонии ин лӯлаи газ бо Ҳабиббонки Покистон музокирот пеш мебурд, вале дигар дар ин тарҳ манфиатдор нест. Ӯ аз иллатҳои даст кашидани бонки Чин аз ин барнома изҳори бехабарӣ кард. Амрико Покистон ва ширкатҳои дахил дар тарҳи эҳдоси ин лӯлаи газро ҳушдор дода буд, ки метавонанд таҳти таҳримот қарор бигиранд.
XS
SM
MD
LG