Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Қандаҳор як афсар кушта шуд


Мақомот мегӯянд, бар асари таркиши бомб дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон дастикам як афсари амниятӣ кушта шуд. Ин ҳамла дар ҳолест, ки як ҳайъати давлатии Афғонистон, ки қазияи ҳалокати 16 нафари мулкӣ аз сӯи як сарбози амрикоиро таҳқиқ мекунад, дар Қандаҳор мулоқот дошт. Бино ба хабарҳо, ин ҳайъат дар ҳудуди 600-метрии маҳалли таркиш қарор дошт, вале ягон узваш осеб надидааст. Касе ҳанӯз масъулияти ин бомбгузориро бар ӯҳда нагирифтааст. Дирӯз ҳайъати давлатӣ дар расми ёдбуди қурбониён дар улусволии Панҷвоӣ низ ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ин ҳамлаҳо дар ҳолест, ки вазири дифоъи Амрико Леон Панетта вориди Афғонистон шудааст.
XS
SM
MD
LG