Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирандозии Қандаҳор дастикам 7 кас кушта шуд


Мақомоти афғон мегӯянд, шаби гузашта аз тири як сарбози амрикоӣ дар вилояти Қандаҳор дастикам 7 нафар кушта шуданд. Ҷовид Аҳмад Файсал, сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, дар маҷмӯъ дар рустоҳои Аликозай ва Гарданайи улусволии Панҷвой 15 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.
НАТО билофосила барои ин ҳодисаи “амиқан таассуфовар” узр хост ва гуфт, ин сарбоз дастгир шудааст. Далели иқдоми ӯ ба ин ҳамлаи хунин рӯшан нест. Гуфта мешавад, аҳли Аликозай барои эътироз дар назди пойгоҳи Амрико гирди ҳам омадаанд.
Ҳалокати мардуми мулкӣ аз сӯи нирӯҳои байналмилалие, ки дар Афғонистон алайҳи Толибон меҷанганд, як мавзӯъи аслии танишзо байни давлати Ҳомиди Карзай ва муттаҳидини ғарбиаш боқӣ мемонад. Моҳи гузашта сӯзондани китобҳои “Қуръон” дар як пойгоҳи НАТО дар Багром боиси эътирозҳои хунине дар саросари Афғонистон шуда буд.
XS
SM
MD
LG