Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарики Асад ба мухолифон бипайваст


Ноиби вазири нафти Сурия Абду Ҳусамиддин
Ноиби вазири нафти Сурия Абду Ҳусамиддин

Ноиби вазири нафти Сурия Абду Ҳусамиддин эълон кард, ки ба мухолифони ҳукумати Башор Асад мепайвандад.

Абду Ҳусамиддини 58-сола баландпоятарин чеҳраи сиёсии ҳукумати Сурия аст, ки дар як соли ошӯбҳои ин кишвар ба тарафи мухолифон гузашт.

Дар як навори видеоии 4-дақиқаӣ вай гуфт, “ба инқилоби мардуме мепайвандад, ки беадолатӣ ва саркӯбгарии бераҳмонаи режимро рад кардаанд." Ӯ афзуд, медонад, ки режим бо сӯзондани хона ва таъқиби наздиконаш ба ӯ посух хоҳад дод, аммо азмаш қатъист.

Мухолифони давлати Сурия мегӯянд, онҳо заминаҳои истеъфо ва ба норозиён пайвастани ноиби вазири нафти Сурияро омода кардаанд. Ин хабар дар ҳоле паҳн мешавад, ки раҳбари амалҳои башарии Созмони Милал Валерӣ Амос ва корвони кӯмакҳои Ҳилоли Аҳмар вориди минтақаи Бобо Амр дар шаҳри Ҳумс гаштаанд.

Ба нақл аз Амос гуфта мешавад, ки бахше аз Ҳумс пас аз ҳамлаи нерӯҳои давлат ба ин ҷо шадидан тахриб шудааст. Бино бар омори Созмони Милал аз оғози нооромиҳо то ҳоло дар Сурия зиёда аз 7 ҳазору 500 нафар кушта шудаанд.

Дар Вашингтон вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, дар ҳоле ки нақзи ҳуқуқи инсон дар Сурия ба баландтарин сатҳ расидааст, кишвараш кӯмак ба мухолифони Сурияро афзоиш хоҳад дод. Вазири дифои Амрико, Леон Панетта гуфт, ягон гузина, аз ҷумла, амалиёти ҳарбӣ барои қатъи хушунат дар Сурия рад нашудааст, вале барои ин тарҳ ва ҳадди мудохила мушаххас шавад.

Дар ҷаласаи Шӯрои Амният сафири Русия дар Созмони Милал Виталий Чуркин Либияро айбдор кард, ки таълимгоҳи шӯришиёни Сурияро таъсис додааст.

Дар навори зер: Хушунат дар Сурия ҳамоно идома дорад

Хушунат дар Сурия ҳамоно идома дорад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00
XS
SM
MD
LG