Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Нашрияҳо: "Вақти он аст, эй қалам..."


Бузургдошти Рӯзи модар ва 100-солагии матбуоти тоҷик дар меҳвари матолиби нашрияҳои чопи Душанбе қарор дорад.

"ФАРАЖ"

Матлаби "Модар, маро бубахшо!"-ро ба модароне, ки масъулияти хонаводаҳоро дар Тоҷикистон бар дӯш гирифта, аз субҳ то шом паси корҳои сангин ранҷ мекашанд, эҳдо кардааст. Нашрия навиштааст, "дар ҳоле ки мо аз мақоми зан дар ҷомеаи худ сӯҳбат мекунем, ки вазъи номусоиди иқтисодӣ дар кишвар ва адами шароит дар хонаводаҳои тоҷик занонро дар иҷрои корҳои сангин ночор гузоштааст."

"ТОҶИКОНИ РОССИЯ"

Рӯзи 8-уми мартро, ки ба унвони рӯзи ҷаҳонии зан низ эътироф мешавад, сазовори зани тоҷик хонда ва навиштааст, "ҳар зане, ки барои истиқлоли рӯзмарраи худ талош карда ва мубориза бурдааст, сазовори ин рӯз аст!" Нашрия афзудааст, "ҳар зани тоҷик, ки дар роҳҳои оҳани Русия, дар зеризаминҳои чиркини Туркия, Дубай, Куриё ва дигар кишварҳо заҳмат мекашанд, то фарзандон ва хонаводаи худро аз фақр берун кашад, сазовори ин рӯз аст!"

"ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

Занони тоҷикро дорои иродаи қавӣ хондааст. Ҳилолбӣ Қурбонова, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар мусоҳиба бо ин нашрия гуфтааст, "модар нахустин устод ва домонаш аввалин дабистони мост". Аз ин рӯ хонум Қурбонова "фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои модаронро масъулият ва рисолати ҳар як шахс" донистааст.

"НАҶОТ"

Таҷлил аз Рӯзи матбуоти тоҷикро омили худшиносӣ ва суннати ниёгон арзёбӣ кардааст. Нашрия дар матлаби "Вақти он аст, эй қалам..." навиштааст, "қаблан, ки аз худшиносиву суннати ниёгон ҳарф задан мамнӯъ буд ва шиори "Зинда бод СССР!" дару деворҳоро зеб медод, 5-уми май ҳамчун Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешуд. Зеро дар ин рӯз аввалин рӯзномаи ленинии "Правда" ба нашр расида буд." Аммо ба навиштаи нашрия "Бухорои шариф" ягона пойдевору таҳкурсии бинои матбуоти тоҷик аст. Дар он замон вазъи вахиме ҳоким буд, аммо маърифатпарварону рӯшанфикрони тоҷик аз ин минбари озодандешон ҳарфу сухани худро гуфтанд, аз ҳастии миллате бо номи тоҷик дарак доданд."

"СССР"

Дар матлаби "Газета ва Миллат" навиштааст, "шӯхӣ нест, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз он, ки сулҳи мо комил набуду кӯчаҳо аз марди силоҳбадаст лабрез, дар ҷамъ беш аз 70 журналист кушта шуд, дар ғурбат фавтид, аз латту зарбу дарду доғ ин оламро тарк гуфт, вале килки уфтодаи ҳатто 1 нафар бе соҳиб намонд!"

"ТОҶИКИСТОН"

Акси куллия рӯзноманигорони шаҳид дар даврони истиқлолро чоп карда, онҳоро қурбониёни хушунатҳо хондааст. Мухтор Боқизода, раиси Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон, менависад, "дар остонаи ҷашни 100-солагии матбуот мехостем, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бори дигар аз ин фарзандони шаҳиди Ватан ёд оранд. Зеро ҳар яки онҳо бо орзуву омолҳои амалӣ нагаштаи худ ин кишвари соҳибистиқлолро ба мо во гузошта, ба сӯҳбати Ҳақ нишастанд."

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Бо ишора ба мулоқоти раисиҷумҳур бо журналистон дар остонаи Рӯзи матбуот суоли "Журналистон чиро аз президент хоҳонанд?" матраҳ кардааст.
Абдумудассир Аҳмадзода, муҳаррири нашрияи "Тоҷикистон" гуфтааст, "ба президенти Тоҷикистон танҳо як суол дорам, ки "Оё мо Роғунро месозем?" Аммо Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж" гуфтааст, "суоле ба раисиҷумҳур надорам, зеро ман ҳамаи ҷавобҳоеро, ки журналистон суол медиҳанд, медонам."

"МИЛЛАТ"

Натиҷаи пурсиши "Маҳбубтарин рӯзнома кадом буд?"-ро интишор кардааст. Бар асоси ин назарсанҷӣ "Чароғи рӯз" бо 77 овоз дар ҷойи аввал, "Бухорои Шариф" бо 27 овоз дар ҷойи дуввум ва "Растохез" бо 25 овоз дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст. Дар ин назрсанҷӣ дар маҷмӯъ 190 нафар иштирок кардаанд.
XS
SM
MD
LG