Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Раддияҳо - талоши худсафедкунӣ ё фишор ба матбуот?


Мақомоти Тоҷикистон дар баробари матолиби интиқодӣ дар матбуот ҳассосияти аз ҳад беш нишон дода, дар бисёр маврид сардабиронро ба чопи раддия маҷбур мекунанд.

Ин вазъ хабарнигоронро нигарон кардааст ва онҳо умед доранд, ки қабули қонуни нави матбуот баҳси онҳоро бо даъвогарон сабуктар хоҳад кард. Раддия дар қонуни нави матбуоти Тоҷикистон банди махсусро дар бар гирифта, ба шаҳрванд ҳақ додааст, ки дар сурати бардурӯғ будани далелҳои мақола раддия бинависад. Матбуот низ муваззаф шудааст, ки ин ҷавобияи даъвогарро дар чаҳорчӯби қонун ба табъ расонад.

Фазлиддин Асозода, журналисти тоҷик, мегӯяд, вақте дар бораи санҷишу имтиҳонҳои донишҷӯён дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва доир ба масъалаи пулситонии баъзе устодон мақола навишт, дафъатан аз тарафи яке аз муаллимони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия раддия навишта шуда, ин баҳс то ба Шӯрои васоити ахбори умум кашонида шуд.

Фазлиддин Асозода
Фазлиддин Асозода
Раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов мегӯяд, масъалаи раддия ва чопи он дар нашрияҳо ба як масъалаи ҷиддии расонаҳо табдил шудааст. Аммо ба назари ҷаноби Сатторов, нашри посух ё раддияи вазорату дигар ниҳодҳо беҳтар аз баҳсҳои додгоҳӣ аст, ки камари матбуоти мустақилро мешиканад.

"Мо ин таҷрибаро дорем, ки пас аз чопи як мақола дар "Вечерний Душанбе" идорае, ки мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, дар раддияи худ ба ҷойи бо далелу факт рад кардани маълумоти мақола, бештар бо забони таҳқиру тавҳин худро сафед мекард. Мо аз чопи ин раддия худдорӣ кардем",-афзуд раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон.

Чопи раддия барои нашрияҳо аз он ҷиҳат нохушоянд аст, ки обрӯву эътимоди онҳоро дар назари хонандаҳо коста мегардонад ва дар баъзе маврид онҳоро ҳамчун дуруғгӯ ҷилва медиҳад. Акбаралӣ Сатторов мегӯяд, мақола бояд ба таври ҳирфаӣ навишта шавад, ки ҷое барои рад намудани факту далел ва маълумоти мақола боқӣ намонад.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло
Бо ин ҳол, нашри маҷбурии раддияҳо дар ҳоле авҷ гирифтааст, ки матбуот дар танқиди амалкардҳои ҳукумат озодтар шуда ва саҳифаҳои нашрияҳо низ бо сарлавҳаҳои моҷаробарангез хушхарид шудаанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қарор дар соли 2009 мақомоти давлатиро муваззаф кард, ки ба мавод ё мақолаҳои танқидӣ вокуниш нишон диҳанд.

Сардабири ҳафтаномаи "Фараж" Хуршеди Атовулло мегӯяд, пас аз ин амри раисиҷумҳур нашри раддияҳо бештар шуд: "Бар асоси қонуни ҷории матбуот онҳо мехоҳанд, ки матни раддия бидуни таҳрир чоп шавад. Ҳоло ҳамин вазъ дар масъалаи раддияву посух ба он аксари сардабирони ҳафтаномаҳоро ба ташвиш овардааст."

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00
Линки мустақим


Аммо бархе аз намояндагони идораҳои давлатӣ мегӯянд, раддияро ба хотири худсафедкунӣ чоп намекунанд, балки мехоҳанд паҳлуҳои торик ва далелу маълумоти нодуруст рӯшан карда шавад. Баҳром Қурбонов, намояндаи Вазорати обу обёрии Тоҷикистон, ки чандин маротиба ба хотири рӯшан кардани баъзе масъалаҳо дар навиштаҳои рӯзноманигорон ҷавобия навиштааст, мегӯяд: "Бисёр вақт ҳамин ҳолатҳо мешавад, вале на барои худсафедкунӣ . Мо бо мутахассисон ҳамаҷониба факту далелҳоро дақиқ намуда, ба редаксия пешниҳод мекунем."

Иноят Иноятов
Иноят Иноятов
Сардабирони нашрияҳо мегӯянд, чопи маҷбурии раддияҳо аз як тараф хонандаро саргум месозад, аз тарафи дигар ҷонибҳо, яъне хабарнигору даъвогарро ба як баҳси дигар ворид мекунад. Ҳуқуқшиноси умури матубот Иноят Иноятов пешниҳод мекунад, ки дар Қонуни нави матбуот чаҳор банди моддаи 19 комилан бознигарӣ шавад. Вай гуфт, "таҷрубаи баҳсҳо нишон медиҳад, ки дар бораи як нафар вақте мақола навишта мешавад, нафари дигар бо таҳқиру тавҳин ҷавоб менависад ва қонуни мазкур мегӯяд, ин раддия бетаҳрир чоп шавад. Барои ҳамин, дар матни нав бояд рӯшан кард, ки идораи рӯзнома чиро ва чигуна бояд нашр кунад."

Ҳоло тарҳи нави қонуни матбуоти Тоҷикистон дар баррасии гурӯҳи кории иборат аз намояндагони порлумон, ҳукумати кишвар ва журналистон қарор дорад ва гуфта мешавад, ки созиш бар сари ин мавзуъ ба осонӣ даст нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG