Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Эрон аз Тоҷикистон боздид мекунад


Алӣ Акбар Солеҳӣ
Алӣ Акбар Солеҳӣ
Дар Душанбе эълон шудааст, ки дар охири даҳаи аввали моҳи март Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон аз Тоҷикистон боздид анҷом медиҳад. Вай дар ҷараёни ин боздид бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур ва бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон мулоқот мекунад. Эрон яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ниругоҳи “Сангтӯда-2” ва нақби “Истиқлол” аз тарҳҳои ҳамкории муштараки ин ду кишвар ба шумор меравад. Дар оянда сохтмони ниругоҳи “Айнӣ” дар рӯдхонаи Зарафшон бо сармоягузории Эрон ба нақша гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG