Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин 11 дарсад буҷаи низомии худро афзоиш дод


Чин рӯзи якшанбе эълом кард, ки буҷаи низомии худро дар соли 2012 ба андозаи 11,2 дарсад афзоиш медиҳад.

Ин афзоиш дар пайи он сурат гирифтааст, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико гуфт, тавони нерӯҳои амрикоӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро бештар хоҳад кард.

Ба ин тартиб, омори расмии ҳазинаи низомии Чин имсол ба 106 миллиарду 400 миллион доллар расид. Соли гузашта ҳам Чин 12,7 дарсад буҷаи низомии худро зиёд карда буд. Чин баъд аз Иёлоти Муттаҳида аз лиҳози ҳазинаҳои низомӣ, миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми дуввум қарор дорад.

Бархе аз коршиносон мӯътақиданд, ки омори воқеии буҷаи низомии Чин метавонад то 50 дарсад беш аз омори расмии эълоншуда бошад. Сухангӯи Кунгураи миллии халқи Чин гуфтааст: "Чин як миллиарду 300 миллион аҳолӣ дорад, масоҳати бузург бо соҳилҳои тӯлонӣ. Аммо буҷаи низомии мо дар муқоиса бо дигар кишварҳои бузург чандин маротиба камтар аст."

Ин мақоми чинӣ афзудааст, соли гузашта ҳамон тавре, ки Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳазинаи низомии Чин 1,28 дарсади иқтисоди Чин буд, аммо Амрико 4,8 дарсад аз иқтисоди худро сарфи ҳазинаҳои низомӣ кард.

Чин дар соли 2011 нахустин намунаи ҷангандаҳои родоргурези худро озмоиш кард ва дар чанд моҳи пеш киштии ҳавопаймобари худро ба баҳр фиристод. Ин кишвар ҳамчунон дар ҳоли сохтани зердарёиҳои нав, мушакҳои болистикии замин ба дарё ва зидди киштии нав ҳаст.

Чанд моҳ қабл, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико стратегияи нави кишварашро эълом кард ва дар он омада буд, ки Амрико ҳузури бештаре дар қитъаи Осиё хоҳад дошт. Дар ин санад аз Чин ва Эрон ба унвони ду кишваре, ки метавонанд қудрати монёври дарёӣ ва ҳавоии Амрикоро ба чолиш бикашанд, ёд шудааст.
XS
SM
MD
LG