Шаҳрвандони Русия дар раъйдиҳие ширкат мекунанд, ки бисёриҳо интизор доранд, бо пирӯзии сарвазири ин кишвар Владимир Путин дар сабқати президентӣ тамом хоҳад шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, то соати 10-и рӯз ба вақти Маскав зиёда аз 15 дарсади интихобкунандагон раъй додаанд. Раъйдиҳӣ дар Шарқи Дур ба поён расида, ширкати мардум дар он дар нимҷазираи Камчатка 57 дарсад гузориш шудааст. Нозирони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқ аз хилофкориҳое монанди рӯйхатҳои суолбарангези интихобкунандагон то дурбинҳои хомӯши видеоии назорат ва бо автобус аз як қитъа ба қитъаи дигар интиқол додани интихобкунандагон хабар додаанд. Назарсанҷиҳои давлатӣ нишон медиҳанд, ки Путин наздик ба 60 дарсад раъй гирифта дар даври аввал ғалаба хоҳад кард.