Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии рақибони Аҳмадинажод дар интихоботи Эрон


Али Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон ҳини раъйдиҳӣ,2-юми марти соли 2012.
Али Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон ҳини раъйдиҳӣ,2-юми марти соли 2012.

Бино бар натиҷаҳои ибтидоии интихоботи парлумони Эрон, рақибони муҳофизакори Маҳмуди Аҳмадинажод пешсафанд.

Ин пешсафӣ дар аксари вилоятҳои Эрон бузург дониста мешавад. Хоҳари раисиҷумҳур Парвин Аҳмадинажод дар зодгоҳаш Гармсор аз тарафи рақиби муҳофизакори худ шикаст хӯрд.

Таҳлилгарон мегӯянд, вазъи бади иқтисодӣ, аз ҷумла таварруми бесобиқа, зоҳиран бар зарари номзадҳои тарафдори Аҳмадинажод тамом шудааст.

Интихоботи нуҳумин давраи Маҷлис- парлумони Эрон субҳи рӯзи ҷумъаи 2-юми март оғоз шуд ва пас аз панҷ соати тамдид, дар соати 11-и шаб ба поён расид.

Дар ҳоле ки ислоҳталабон интихоботро таҳрим карда буданд, расонаҳои давлати Эрон дар бораи ҳузури наздик ба 70 дарсади воҷидини шароити раъй хабар додаанд. Ин дар ҳолест, ки вазири умури дохилии Эрон Муҳаммад Мустафо Наҷҷор гуфтааст, "оморе, ки дар хусуси мизони иштироки мардум гуфта мешавад тахминӣ мебошад ва иттилои дақиқро мунташир хоҳем кард."

Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Эрон, 48 миллиону 488 ҳазору 799 нафар тавонистонад дар интихоботи рӯзи ҷумъа ширкат кунанд.

Раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфт, ширкати васеи мардум дар интихобот паёме ба ҷаҳониён аст дар авҷи рӯёрӯии кишваршон бо Ғарб. Вале сокинони Теҳрон мегӯянд, мушкилоти афзоянда онҳоро дилсард кардааст ва гумон аст, ин раъйдиҳӣ чизеро ҳал кунад.

Натиҷаҳои интихобот нишон медиҳанд, ки Аҳмадинажод дар ду соли охири даври дувуми раёсаташ бо парлумони душмансифате рӯбарӯ хоҳад буд. Ин маҷлис аз 290 вакил иборат аст. Натоиҷи ниҳоии ин интихобот рӯзи душанбе эълом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG