Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА пирӯзии шубҳаовари Баҳрайнро таҳқиқ мекунад


Лаҳзае аз қуваозмоии Эрону бо Қатар (Теҳрон 29 феврали 2012)
Лаҳзае аз қуваозмоии Эрону бо Қатар (Теҳрон 29 феврали 2012)
Иттиҳодияи Байналмилалии футбол ФИФА эълон кардааст, ки “ натиҷаи ғайриодӣ”-и қуваозмоии мунтахаби футболи Баҳрайн бо Индонезияро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Рӯзи чоршанбе дар ҳунарнамоии интихобии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол 2014 варзишгарони Баҳрайн бо ҳисоби даҳ бар ҳеҷ бар дастаи футболи Индонезия пирӯз шуданд.

Маъмурони футболи Баҳрайн ва Индонезия исрор меварзанд, ки пирӯзии Баҳрайн бидуни машварати пинҳонӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Тибқи омори пешакӣ агар дастаи Баҳрайн ҳадди ақалл бо ҳисоби нуҳ бар ҳеҷ пирӯз мешуд, имкон дошт, ки дастаи Қатарро ба ақиб партофта, ба даври баъдии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол роҳхат гирад, вале Қатар қуваозмоияш бо Эронро бо ҳисоби ду бар ду ба анҷом расонида, пешдастиашро ҳифз намуд.

Иттиҳодияи футболи Осиё гуфтааст, ки дар таҳқиқи қуваозмоии Баҳрайн ва Индонезия бо ФИФА ҳамкорӣ хоҳад кард. Рӯзи чоршанбе мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Хуҷанд бо Кореяи Шимолӣ вохӯрда, бозиро бо ҳисоби мусовии як бар як ба анҷом расонд. Ҳар ду даста дар гурӯҳи худ ҷойҳои охирро ишғол намуда, аз ширкат дар даври баъдии Ҷоми Ҷаҳони Футбол маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG