Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич аз пешниҳоди расмии номзадӣ ба узвияти ИА ба кишвараш истиқбол кард ва гуфт, ин роҳро барои “пешрафти иқтисодӣ ва шукуфоӣ” боз мекунад. Нишасти сарони ИА дар Брюссел дирӯз бар сари номзадии Белград ба тавофуқ расид. Сербистон баъди ба додгоҳи Ҳейг супурдани раҳбарони сербҳои Босния Радован Караҷич ва Ратко Младич мебоист ҳанӯз моҳи декабр номзад ба узвияти ИА мешуд, вале Олмон монеъ шуд ва гуфт, Белград бояд ибтидо равобиташро бо Косово, ки соли 2008 эълони истиқлол кард, хуб кунад. Хорватия- кишвари дигари Балкан моҳи июли соли 2013 узви 28-уми ИА хоҳад шуд.