Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Шодиевро аз нав тафтиш хоҳанд кард


Баҳромиддин Шодиев қабл аз марг
Баҳромиддин Шодиев қабл аз марг
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур парвандаи ҳалокати сокини 28-солаи Душанбе Баҳромиддин Шодиевро барои тафтиши дубора ба додситонӣ пас фиристод.Ин дар ҳолест, ки додситон барои муфаттиши пулиси Шоҳмансур Абдураҳмон Додов бо ҷурми хунукназарӣ аз додгоҳ 2 сол ҳукми зиндон хоста буд. Шодиевро моҳи октябр бо иттиҳоми дуздӣ дастгир карданд, вале ӯ баъди чанд рӯз дар боздошт даргузашт. Пайвандонаш мӯътақиданд, ки Баҳромиддин бар асари шиканҷа ҳалок шудааст. Мақомоти пулис ин иддаоро радд мекунанд.
XS
SM
MD
LG