Ҳукумати Белорус аз сафири Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ва Лаҳистон дар Минск хост, ки кишварро тарк намояд.
Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Белорус гуфта шудааст, ки сафири кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо ва Лаҳистонро барои машварат ба Минск даъват кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ин вокуниши Минск ба тасмими Брюссел барои таҳмили таҳримҳои нав болои Белорус аст. Бар пояи ин таҳримҳо, вуруди 21 мансабдори белорус – 19 додрас ва ду корманди вазорати умури дохилии Белорус ба кишварҳои узви ИА мамнӯъ хоҳад шуд. Брюссел онҳоро дар боздошти мухолифини Белорус айбдор мехонад.