Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази Душанбе ҳамагӣ 4 бинои таърихӣ доштааст


Бинои парлумони Тоҷикистон
Бинои парлумони Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, 4 бинои соҳиби арзиши таърихӣ дар маркази Душанбе ҳифз хоҳад шуд. Дар вазорати фарҳанг ба “Азия Плюс” гуфтаанд, Кохи президентӣ, парлумон, китобхонаи Фирдавсӣ ва театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҳанӯз соли 1971 ба рӯйхати ёдгориҳои таърихӣ шомил шудаанд ва иҷрои Генплани пойтахт ба ин биноҳо дахл нахоҳад кард.
Ахиран шаҳрдории Душанбе эълом кард, ки чандин бинои иқоматӣ дар кӯчаҳои Рӯдакиву Айнӣ ва таъсисоте, чун тафреҳгоҳҳои “Вастан”-у “Ораш” ва “Порт-Саид”, бар асоси нақшаи рушди Душанбе, аз байн бурда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG