Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду хабарнигори ғарбӣ дар Сурия кушта шуданд


Асароти амалиёти артиши Сурия дар Бобо Амрӯ
Асароти амалиёти артиши Сурия дар Бобо Амрӯ
Бино ба хабарҳо, зоҳиран бар асари ба як маркази муваққати хабарнигорон дар шаҳри ошӯбзадаи Ҳумс асобат кардани шиллики нирӯҳои Сурия ду хабарнигори ғарбӣ кушта ва 4 хориҷии дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мухолифин, дар ин ҳамла хабарнигори амрикоии рӯзномаи бритониёии "Sunday Times" Мерӣ Колвин ва аксбардори фаронсавӣ Реми Ошлик ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, хабарнигорон ҳангоми фирор аз як манзил дар маҳаллаи Бобо Амрӯ ҳадафи тири мушак қарор гирифтанд. Аз дирӯз ба ин сӯ дар натиҷаи амалиёти артиши Сурия, ба гуфтаи фаъолон, беш аз 100 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG