Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳино Раббонӣ ва Клинтон чашм ба чашм сӯҳбат мекунанд


Вазирони умури хориҷии Покистон ва Амрико
Вазирони умури хориҷии Покистон ва Амрико

Вазирони умури хориҷии Покистон ва Амрико барои рафъи танишҳо миёни ду кишвар рӯзи панҷшанбе дар Лондон мулоқот хоҳанд кард.

Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон изҳори умедворӣ кардааст, ки Амрико ва Покистон битавонанд ихтилофҳои вуҷуд дошта миёни худро ҳал бикунанд.

Хонум Кҳар ҳамчунон ба пешшартҳое барои оддисозии муносибатҳо миёни ду кишвар таъкид кардааст. Вай гуфтааст, ки танҳо пешшарти ин музокирот, манфиатҳои муштарак аст.

Муносибот миёни Покистон ва Амрико дар пайи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар минтақаи марзии Афғонистон ва Покистон дучори таниш шуд.

Ба дунболи кушта шудани 24 сарбози покистонӣ тавассути нерӯҳои ҳавоии НАТО дар чанд моҳи қабл, Исломобод роҳи интиқоли мавод барои нерӯҳои НАТО-ро баста буд.

Ин амр сабаб шуд то эътилофи байналмилилӣ барои фиристодани маводи хӯрока ва сӯзишворӣ барои нерӯҳояш дар Афғонистон, аз роҳҳои дигар истифода бикунад
Исломобод ҳамчунон аз Амрико хост то пойгоҳи ҳавоии Шамсиро воқеъ дар вилояти Балуҷистон холӣ намояд.

Аммо ҳафтаи гузашта Покистон гуфт, ки муваққатан ба НАТО иҷозат медиҳад, то барои икмолоти нерӯҳояш дар Афғонистон, аз хоки ин кишвар истифода кунад. Ин иқдом ба гуфтаи таҳлилгарон, нишондиҳандаи коҳиши танишҳои ба вуҷуд омада миёни Покистон ва НАТО мебошад.
XS
SM
MD
LG