Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 4 нафарро дар вилояти Ҳилманд сар буриданд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар вилояти Ҳилманд Толибон 4 сокини ин вилоятро сар буридаанд. Ба бовари Толибон, гӯё ин афрод барои ҳукумати ин кишвар ҷосусӣ мекардаанд. Мақомоти вилоят мегӯянд, ки ҷасади ин 4 нафар дар вулусволии Вашири Ҳилманд пайдо шудааст. Толибон дар бораи сар буридани ин афрод ба матбуот чизе нагуфтаанд.
XS
SM
MD
LG