Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Эрон дастрасӣ ба Google ва Yahoo-ро боз маҳдуд кард


Бино ба хабарҳо, дастрасӣ ба сайтҳои Google ва Yahoo дар қаламрави Эрон дигарбора мушкил шудааст.

Расонаҳои Эрон эълом карданд, ки рӯзи душанбе, 20-уми феврал, дастрасии корбарон ба имейлҳои Yahoo ва Google бори дигар комилан кунд ё қатъ шудааст. Ба қавли онҳо, дар ҳоли ҳозир, дар Эрон истифода аз интернет ба мушкилот рӯбарӯст.

Сайти "Хабаронлайн" дар хабаре кӯтоҳ навиштааст, "хадамоти почтаи электронӣ, ки тоза аз вазъи номатлуб ҳафтаи гузашта каме фосила гирифта буд, дубора бидуни иттилоъ ва дар назар гирифтани арзише барои корбарон маҳдуд шуд."

Сайти "Алиф", вобаста ба раиси Пажӯҳишҳои Маҷлис низ аз кунд шудан ё қатъи хадамоти Gmail ва Yahoo барои корбарони эронӣ хабар додааст. Ин сайт навиштааст, "зоҳиран касоне, ки дар қатъи хадамоти почтаи электронӣ даст доранд, ҳеҷ арзише ҳам барои афкори умумӣ ва мардуми Эрон қоил нестанд."

Аммо хабаргузории "ИСНО" гуфт, "қатъи хадамоти интернетӣ дар рӯзи душанбе як рӯз пас аз роҳандозии фазаи нахустини шабакаи илмии кишвар унвон кардааст."

Ин мушкил дар ҳоле иттифоқ уфтодааст, ки Эрон қаблан гуфта буд, мехоҳад, интернети миллии худро таъсис диҳад ва аз шабакаи ҷаҳонӣ ҷудо гардад. Ин шабака, ки онро "Интернети шаръӣ" ҳам ном гузоштаанд, дар садади роҳандозии шабакаи миллии иттилоотист, ки бояд ҷойгузини шабакаи ҷаҳонии Интернет дар ҷумҳурии исломӣ шавад.

Ин шабакаи дохилӣ зоҳиран касби назорати комил бар фазои интернетиро дар кишвар ба ҳадаф дорад. Раҳбарони Эрон қарори маълум, шабакаи ҷаҳонии Интернетро як абзор дар «ҷанги нарм»-и Ғарб алайҳи ҷумҳурии исломӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG