Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат боз як мухолифи сиёсӣ пайдо кард


Як гурӯҳ аз тоҷикон дар хориҷа аз таъсиси созмоне бо номи Ҷунбиши миллии Тоҷикистон хабар додаанд.

Онҳо гуфтаанд, ҳадафи ҷунбиш таъмини фазои муносиб ба интихоботи шаффофу одилонаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 аст.

Ин гурӯҳи навзуҳур, дар интернет аз аҳзобу созмонҳои сиёсии кишвар даъват кардааст, ки барои пешниҳоди номзади ягона ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ мувофиқа ҳосил кунанд. Ин созмон, ки низоми ҳоким дар Тоҷикистонро “диктаторӣ” унвон додааст, пешниҳод мекунад, ки барои дастрасӣ ба як ҳокимияти мардумӣ дар Тоҷикистон ислоҳоти сиёсӣ баргузор шавад.

Масъулини ин созмон, ки то ҳанӯз ҳуввият ва шахсияти худро рӯшан накардаанд, мегӯянд, ҷонибдорони онҳо дар Тоҷикистон, Амрико, Аврупо, Эрон ва Русия ба фаъол ҳастанд. Гурӯҳ пешниҳод мекунад, ки сар аз соли 2013-ум мӯҳлати ду 7-солаи раёсати ҷумҳурӣ то ду даври чаҳорсола коҳиш дода шуда, раҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар бар пояи раъйи мардум интихоб шаванд.

Вале суоле ба миён меояд, ки оё як изҳороти афроде, ки дар берун аз кишвар ба сар бурда, ҳатто номи худро ошкор накардаанд, аз нуқтаи назари сиёсӣ арзише хоҳад дошт?

Сайидумар Ҳусайнӣ
Сайидумар Ҳусайнӣ
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили порлумон, мегӯяд, қаблан низ созмону ҷунбишҳои дигар бо чунин сару садоҳо дар расонаҳо арзи ҳастӣ карда буданд. Вале аз он ки мардум ва ҷомеа амалу ҳаракати онҳоро мушоҳида накардааст, ҳоло наметавон қазоват кард, ки гурӯҳи навзуҳур ба чи коре қодир хоҳад буд.

Ӯ гуфт, “мо шоҳид ҳастем, ки дар бархе аз кишварҳо бо даъвати ҳамин гуна сайтҳову ҳамин гуна шабакаҳо ба майдонҳо рехтанд ва бисёре аз қудратмандону ҳукуматҳоеро, ки ҳеҷ кас бовари суқути онҳоро надошт, суқут доданд. Аз ҳамин ҷиҳат, ҳоло наметавонем бигӯем, ки не, инҳо коре аз дасташон барнамеояд. Вале он чи ки мо аз таҷрибаву дониши худамон мегӯем, ин аст, ки чунин афрод, то дар саҳнаи сиёсӣ наоянд, мардум онҳоро набинад, надонад ва нашиносад, фикр намекунам, эътимоди мардумро ба даст оварда битавонанд.”

Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов, коршиноси дигари тоҷик, мегӯяд, ин созмонҳо бо такя ба таҳаввулоти кишварҳои арабӣ ба таври фаъолона аз интернет дар пешбурди барномаҳои худ истифода мекунанд. Аз он ки онҳо ошкоро ба тағйири роҳбарияти феълии кишвар даъват мекунанд, наметавонанд дар дохил фаъолият дошта бошанд.

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “ҳар се аз ин созмонҳо, яъне “Ватандор”, БАС ва Ҷунбиши миллӣ ҳаракатҳое ҳастанд, ки дар хориҷ аз кишвар ташкил ёфтаанд. Ҳоло ба ҷуз аз “Ватандор” гуфта намешавад, ки дар пушти онҳо кӣ меистад. Ҳоло мо намедонем, ки чӣ қадар нерӯ дар атрофи ин ҳаракатҳои сиёсӣ ҷамъ мешаванд. Вале нуктаи муҳим он аст, ки дар Тоҷикистон замина барои фаъолиятҳои сиёсӣ ва чунин хостаҳои онҳо вуҷуд дорад, ки ин норизогии шадиди мардум аз ҳукумат ва роҳбарияти феълии мамлакат аст.”

Олимҷон Салимзода
Олимҷон Салимзода
Вале Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи равобити байнулмилалӣ ва иттилоот дар Маҷлиси Намояндагон даъво ва пешниҳодҳои гурӯҳи муассисони Ҷунбиши миллии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишварро бепоя ва асос меҳисобад. Ҷаноби Салимзода мӯътақид аст, ки шароит барои баргузории интихоботи шаффофу озод дар Тоҷикистон фароҳам аст ва барои ҳар гурӯҳ ва созмоне ҳам, ки мехоҳад дар саҳнаи сиёсӣ фаъолият кунад, кадом маҳдудият вуҷуд надорад.

"Рӯирост мегӯем, ки мо мушкил дорем. Лекин ин мушкилро дар дохил истода, дар пӯсту устухонамон эҳсос карда, бартараф намоем осонтар аст, нисбат ба он ки дар берун истему назорат кунему тамошобин бошему баъд ҳарчи диламон хоҳад бигӯем",-гуфт Салимзода.

Ҳарчанд дар баёнияи Ҷунбиши миллии Тоҷикистон эълон мешавад, ки то се моҳи дигар афроди масъули он муаррифӣ ва аснод барои сабти ном ба мақомоти марбута дар Тоҷикистон пешниҳод мешавад, талошҳои мо ҷиҳати тамос бо онҳо бенатиҷа анҷом ёфт.
XS
SM
MD
LG