Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба ширкати Русия дар ҷанги Тоҷикистон иқрор кард


Дар мақолаи нав ва муфассали худ дар “Российская газета” сарвазири Русия гуфтааст, маҳз артиш дар солҳои душвори 90-ум Русияро наҷот дод ва сарбозу афсарон “дар лаҳзаҳои ҳалкунанда тавоноии артишро ҳифз карданд. Ва агар зарур меомад, меҷангиданд, рафиқони худро аз даст медоданд ва ғалаба мекарданд. Дар Қафқози Шимолӣ чунин шуд, дар Тоҷикистон ва нуқоти дигари доғ”. Бо ин изҳорот Владимир Путин ширкати артиши Русияро дар ҷанги Тоҷикистон тасдиқ кард, ҳол он ки қаблан мудохилаи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон рад карда мешуд ё худсарии афсарону сарбозон унвон мегашт. Фирқаи 201-и Русия дар Тоҷикистон ҳамчун мероси Шӯравӣ ба моликияти Тоҷикистон табдил наёфт ва зери фармони Русия гузашт.
XS
SM
MD
LG