Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кличко: "Чисораро ҳамчун инсон эҳтиром намекунам"


Виталий Кличко, муштзани маъруфи Украина
Виталий Кличко, муштзани маъруфи Украина

Виталий Кличко, муштзани маъруфи украинӣ дар толори олимпии Мюнхени Олмон бар рақиби худ Дерек Чисора дастболо шуд.

Вай ба ин тартиб унвони қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар навъи WBC-ро дар вазни баландтарин ҳифз кард.

Ин мусобиқа 12 раунд ё қисм давом кард ва доварон бо иттифоқи назар Виталий Кличкоро баранда эълон карданд. Пас аз хатми рақобат Виталий Кличко гуфт, Чисора дар ин бозӣ мухолифати шадид нишон додааст, вале вай афзуд, ҳамчун инсон Чисораро эҳтиром намекунад.

Чисора рӯзи ҷумъа (17-уми феврал) ҳангоми баркашидани вазнҳо бар рӯи Кличко шаппотие зад ва дар маросими қабл аз оғози мусобиқа обро бар рӯи Кличко пошид. Баъд аз хатми мусобиқа ва бохт Чисора билофосила дархост кард, ки мусобиқаи такрорӣ баргузор шавад ва вай омода аст бо Владимир -- бародари хурдии Виталий Кличко низ рақобат кунад.

Ҳоло Владимир барандаи унвонҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои WBO, IBF, WBA ва IBO мебошад ва аз муштзанони камназири ҷаҳон ба шумор меравад. Пас аз эълони натиҷаҳои мусобиқа ва бохти Дерек Чисора дар ҷараёни суолу ҷавоби матбуотӣ Чисора бо муштзани дигар Девид Ҳей дарафтод, муштзане, ки моҳи июли соли гузашта мусобиқаро барои унвони қаҳрамонӣ дар навъи WBA ба Владимир Кличко бохта буд.

Чисора шишаи обро ба дасти Ҳей зад ва алфози қабеҳ ба забон овард. Ҳузури рӯзноманигорон дар чунин саҳна хатарнок шуд ва онҳоро ба хонаи дигар бурданд. Муҳофизони амниятӣ маҷбур шуданд, ки ду муштзанро аз чанголи якдигар ҷудо кунанд.

XS
SM
MD
LG