Ӯ дар ин кишвар дар 9 рақобат ширкат карда, дар 8 рақобат пирӯз шуда ва як рақобатро мусовӣ анҷом додааст.
Аммо роҳи ӯ ба бокси ҳирфаӣ осону ҳамвор набуд. Шералӣ аз синни 12-солагӣ ба мактаби муштзанӣ ворид шуда ва то имрӯз зери раҳбарии мураббии худ Абдурашид Мамадҷонов тарбият мегирад. Дар соли 2003 қаҳрамони бозиҳои Осиёи Марказӣ шуд, дар соли 2005, медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард ва дар соли 2006 ҷоизадори мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни донишҷӯён гардид
Ибтидо ҳадафи Шералӣ аз сафар ба Амрико омӯзиши забони инглисӣ буд, вале ҳунари муштзании ӯ аз сӯи мутахассисони бокс кашф шуд ва Шералиро ба бокси ҳирфаӣ даъват карданд. Аммо боз ҳам муҳаббати Шералӣ аз ҳар кори дигар ба муштзании ҳирфаӣ бештар аст ва идомаи рушди худро дар ин навъи варзиш мебинад.
Шералӣ Достиев, барои даҳумин рақобати худ дар бокси ҳирфаӣ омодагӣ мегирад ва тасмим дорад дар моҳи июн дубора ба Амрико баргардад ва мутмаин аст, ки заҳматҳои ӯ дар ин риштаи варзиш бесамар нахоҳад буд.
Шералӣ Достиев 12-уми январи соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз синни 13-солагӣ то ҳоло таҳти раҳбарии мураббӣ Абдурашид Мамадҷонов (мудири мактаби варзишии бачагону наврасони захоири олимпии рақами 2-и Душанбе) ба бокс машғул аст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов мебошад. Дар бокси ҳаваскорӣ барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (соли 2005), ғолиби Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ (2003), ҷоизадори мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни донишҷӯён (2006) буда, ду бор (солҳои 2004 ва 2008) дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ иштирок кардааст.