Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳейг: "Эрон ошкоро талош дорад аслиҳаи ҳастаӣ эҷод кунад"


Виллиям Ҳейг
Виллиям Ҳейг
Виллиям Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия дар мусоҳибае, ки рӯзи шанбе ба чоп расидааст, мегӯяд, ки Эрон ошкоро талош дорад тавоноиҳои аслиҳаи ҳастаии худро густариш диҳад. Ба гуфтаи вай, агар ин кор ба Эрон муйяссар шавад, дар он сурат мусобиқаи таслиҳоти ҳастаӣ дар Ховари Миёна оғоз мешавад. Ҳейг ин нукотро дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Daily Telegraph" баён доштааст. Вай мегӯяд, агар Эрон дорои аслиҳаи ҳастаӣ шавад, ”ба фикри ман, дар саросари Ховари Миёна талош хоҳанд кард, ки соҳиби ин аслиҳа шаванд”. Ин изҳороти вазири корҳои хориҷаи Британия дар ҳоле садо медиҳад, ки Эрон худро зери фишори рӯзафзуни маҳофили байналмиллалӣ эҳсос мекунад ва мегӯяд, ки барномаҳои ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG