Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷмааи умумии СММ рӯзи панҷшанбе қатъномаи маҳкумият ва нақзи ҳуқуқи башар дар Сурияро бо аксарияти оро пазируфт.

Дар ин тарҳи пешниҳодкардаи Арабистони Саудӣ ва Қатар, аз раҳбари Сурия Башор Асад даъват шудааст, ки ба истеъфо равад.

Аз қатънома 137 кишвари узви СММ пуштибонӣ карданд, 12 кишвар раъйи мухолиф доданд, 17 кишвари дигар аз ибрози назар худдорӣ намуданд. Русия, Чин, Эрон, Венесуэла, Кореяи Шимолӣ, Боливия, Эквадор, Беларус, Никарагуа, Зимбабве, Куба ва худи Сурия кишварҳое ҳастанд, ки ба ин қатънома раъйи мухолиф доданд.

Ин қатънома дар ҳақиқат аз тарҳи Иттиҳодияи Араб, ки барои поён додани бӯҳрон дар Сурия ироа шуд, пуштибонӣ кардааст.

Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар қиёс ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ фақат ҷанбаи тавсиявӣ дорад. Аз ин пеш Русия ва Чин ба қатъномаи Шӯрои амният вето гузошта буданд.

Ин қатънома метавонад фишорҳои сиёсиро бар ҳукумати Башшор Асад афзоиш диҳад ва аз эътирозгарон дар ин кишвар ҳимояти маънавӣ намояд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG