Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Парлумони Аврупо аз интихоботи Русия


Парлумони Аврупо аз қонуншиканиҳо дар интихоботи Думаи давлатии Русия изҳори нигаронӣ кард.

Дар қатъномаи Парлумони Аврупо аз мақомоти Русия даъват шудааст, ки ҳама далелҳои тақаллубу қонуншиканиро тафтиш кунанд ва дар қитъаҳое, ки ин қонуншиканиҳо ба натоиҷи интихобот таъсир гузоштанд, овоздиҳии такрорӣ ташкил намоянд.

Чарлз Тэннок, вакили Парлумони Аврупо аз Бритониё, изҳори умедворӣ кард, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Русия назар ба интихоботи Думаи давлатӣ бештар демократӣ сурат мегирад:Ӯ гуфт, "мо чунин мешуморем, ки интихоботи оянда, аз ҷумла, интихоботи президентӣ бояд демократӣ, озод, одилона ва ба ӯҳдадориҳои Русия чун узви Шӯрои Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мутобиқ бошанд".

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия рӯзи 4 март баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG