Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯши аслиҳаи Русия аз 13 миллиард доллар гузашт


Мақомоти расмии машғули фурӯши аслиҳаи Русия мегӯянд, ки ин кишвар дар соли 2011 дар судури аслиҳа ба хориҷ рекорд гузоштааст, бо вуҷуди ин ки баъзе аз муштариёни худро дар ҷаҳони араб аз даст додааст. Михаил Димитриев-раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои техникиву низомии Русия гуфт, ки соли гузашта кишвараш ба муштариёни хориҷӣ ба арзиши 13, 2 миллиард доллар аслиҳа фурӯхтааст.Ҳиндустону Алҷир ва Ветнам муштариёни аслӣ будаанд.

Ширкати давлатии Рособоронэкспорт, ки тақрибан 80 дарсади фурӯши аслиҳаро дар ихтиёр дорад, дар аввалҳои моҳи ҷорӣ гуфт, ки ба сабаби ҷорӣ шудани таҳрими СММ барои фурӯши аслиҳа бар зидди Либия Русия миллиардҳо долларро аз даст додааст.

Сурия муштарии аслии аслиҳаи Русия ба шумор меравад ва бо он қарордоди 5 миллиард долларӣ дорад. Русия баъд аз Амрико дуввумин кишвари бузурги содиркунандаи аслиҳа дар ҷаҳон дониста мешавад.

Видеоҳои охирин

Гази Узбекистон оташи 12 корхонаи Тоҷикистонро фурӯзон кард
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:02 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG